Дар ин ҷо хабарҳо, релизҳои матбуотӣ ва паёмҳо барои ВАО нашр карда мешаванд.
30 октябри соли 2026 дар Қасри фарҳанги ноҳияи Рӯдакӣ фестивали «Саводнокии молиявӣ» — FinGram Fest – 2026 баргузор гардид. «Бабр Капитал» дар ин чорабинии муҳими маърифатӣ иштирок намуда, бо муаррифии хизматрасониҳои молиявии худ ва имкониятҳои пешниҳодшаванда бо иштирокчиёни фестивал робитаи мустақим барқарор кард.
Соҳиби хонаи шахсӣ шудан боз ҳам осонтар гардид! «Бабр Капитал» дар доираи иқдоми «ДАВР» қарзи ипотекӣ бо шартҳои муфид пешниҳод менамояд. Шартҳои махсуси қарзи ипотекӣ: • Меъёри фоизи солона — 19,95% • Маблағи қарз — то 500 000 сомонӣ • Муҳлати қарз — то 160 моҳ
Директори Бабр Капитал Умедҷон Ҳикматов бо сипосномаи Ассотсиатсияи бонкҳои Тоҷикистон барои саҳми арзанда дар омода намудани мутахассисони ҷавон, ҷорӣ намудани усулҳои муосири таълим ва технологияҳои инноватсионӣ дар соҳаи бонкдорӣ қадрдонӣ гардид.
Бабр Капитал дар доираи иқдоми васеъмиқёси «ДАВР» шартҳои махсуси қарздиҳиро барои хариди автомобил пешниҳод менамояд. Акнун харидани автомобили орзуҳоятон боз ҳам муфидтар гардид! Фоизҳои пасттар ва муҳлати дарозтари қарз имкониятҳои навро барои хариди автомобил фароҳам меоранд.
«Бабр Капитал» иқдоми «Давр»-ро оғоз кард: аз 15 октябр то 31 декабри соли 2026 ҳамаи маҳсулоти қарзӣ бо меъёрҳои фоизии пасттар пешниҳод мешаванд. Дар доираи иқдом шумо метавонед автоқарз ё қарзи ипотекӣ гиред, қарзи истеъмолиро интихоб кунед, барои тиҷорат маблағгузорӣ дарёфт кунед ё бо гарави тилло қарз гиред — бо меъёрҳои фоизии пасттар.
ҶДММ ТАҚХ «Бабр Капитал» дар форуми байналмилалии АТМХ иштирок намуд, ки намояндагони бахши молиявиро бо мақсади табодули таҷриба, баррасии тамоюлҳои муосир ва дурнамои рушди соҳа муттаҳид сохт. Иштирок дар чунин чорабиниҳо барои муколамаи касбӣ, таҳкими робитаҳои корӣ ва омӯзиши таҷрибаҳои пешқадам дар соҳаи молия имкониятҳои нав фароҳам меорад.
ҶДММ ТАҚХ «Бабр Капитал» барои интихоби ширкат ҷиҳати таҳия ва таҳвили маҳсулоти туҳфавӣ бо рамзҳои фирмавии ширкат тендер эълон менамояд. Барои иштирок дар тендер ширкатҳо ва соҳибкорони инфиродие даъват карда мешаванд, ки дар самти таҳия ва таҳвили маҳсулоти туҳфавӣ таҷриба дошта, метавонанд сифати баланди маҳсулотро мувофиқи талаботи муқарраршуда таъмин намоянд.
Sibos 2026 дар Майами барои «Бабр Капитал» ба майдони муколамаи мустақим бо намояндагони соҳаи молияи байналмилалӣ табдил ёфт. Дар мулоқотҳо тарафҳо ғояҳои мушаххас, равишҳои нав дар соҳаи молия ва имкониятҳои ҳамкории муштаракро баррасӣ карданд.
Дар доираи Sibos 2026 дар Майами намояндагони «Бабр Капитал» бо намояндагони ширкати байналмилалии Thunes мулоқоти стратегӣ баргузор намуданд. Дар мулоқот тарафҳо имкониятҳои ҳамкорӣ, рушди хизматрасониҳои молиявӣ ва роҳҳои нави ҳамкориро дар сатҳи байналмилалӣ баррасӣ карданд.