Аъзои Шӯрои нозирон
Олим Абдусаломов дорои зиёда аз 24 соли таҷрибаи касбӣ дар соҳаҳои бонкдорӣ ва молия мебошад. Ӯ соли 1997 Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро бо ихтисоси «Иқтисоди байналмилалӣ» хатм кардааст. Аз соли 1997 то соли 2022 дар Бонки Миллии Тоҷикистон фаъолият намуда, дар вазифаҳои гуногуни роҳбарикунанда дар соҳаҳои идоракунии захираҳои байналмилалӣ, танзими асъорӣ, бозорҳои молиявӣ ва низомҳои пардохт кор кардааст. Аз соли 2017 то соли 2022 дар вазифаҳои роҳбарикунанда дар сохторҳои масъули танзим ва мониторинги асъорӣ, бозорҳои молиявӣ ва низомҳои пардохт фаъолият намудааст. Айни ҳол директори генералии Ширкати «Эфталит» мебошад. Аз моҳи январ то сентябр соли 2026 узви Шӯрои нозирон, аз октябри соли 2026 Раиси Шӯрои нозирон ТАҚХ «Бабр Капитал» мебошад.
Аъзои Шӯрои нозирон
Суҳроб Мирзоев дорои зиёда аз 15 соли таҷрибаи касбӣ дар соҳаҳои бонкдорӣ, молия ва баҳисобгирии муҳосибӣ мебошад. Ӯ соли 2009 Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро аз рӯйи ихтисоси «Молия ва қарз» хатм кардааст. Дар давоми солҳои 2009 то 2023 фаъолияти касбии худро дар бахши бонкӣ, аз ҷумла дар бонкҳои «Тоҷиксодиротбонк» ва «Амонатбонк», ба роҳ мондааст. Дар ин бонкҳо вазифаҳои гуногуни роҳбарикунандаро дар соҳаҳои интиқоли маблағҳо ва кортҳои бонкӣ ишғол намудааст. Айни замон Суҳроб Мирзоев ба фаъолияти соҳибкорӣ машғул буда, узви Шӯрои нозирони ТАҚХ «Бабр Капитал» ва муассиси ягонаи он мебошад.
Аъзои Шӯрои нозирон
Моҳбону Накҳатзода дорои таҷрибаи назарраси касбӣ дар соҳаҳои бонкдорӣ ва молия, идоракунии давлатӣ, таҳқиқоти иқтисодӣ ва ҳамкории байналмилалӣ мебошад. Ӯ дорои дараҷаи доктори илм PhD дар соҳаҳои иқтисоди ҷаҳонӣ ва муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ, инчунин рушди минтақавӣ ва ҳамгироии иқтисодӣ буда, дараҷаро дар Донишгоҳи Сантяго-де-Компостела (Испания) соҳиб шудааст. Ҳамчунин дорои дараҷаи магистр дар соҳаи тиҷорати байналмилалӣ мебошад. Аз соли 2016 то соли 2020 Пажӯҳишгоҳи тадқиқотии Бонки Миллии Тоҷикистонро роҳбарӣ намуда, аз соли 2020 то соли 2022 Муовини Раиси Бонки Миллии Тоҷикистон ба уҳда дошт. Дар давраи фаъолияташ дар Бонки Миллии Тоҷикистон ба самтҳои системаҳои пардохт, технологияҳои иттилоотӣ, омор ва тавозуни пардохт, суғурта ва идоракунии хавфҳо назорат намуда, дар таҳияи стратегияҳо ва санадҳои меъёрии миллӣ дар соҳаҳои молия ва бонкдорӣ иштирок кардааст. Моҳбону Нақҳатзода дорои таҷрибаи назаррас дар самтҳои фарогирии молиявӣ, рақамикунонӣ ва рушди системаҳои пардохт, сиёсати пулию қарзӣ, танзими молиявӣ ва ҳамкории байналмилалӣ мебошад. Стратегияи Миллии Фарогирии Молиявӣ барои солҳои 2022-2026 маҳз бо ташаббуси Моҳбону Накҳатзода таҳия гардидааст. Дар давоми фаъолияти касбии худ бо созмонҳои байналмилалӣ ва муассисаҳои рушд, аз ҷумла Бонки Ҷаҳонӣ, Хазинаи Байналмилалии Асъор, IFC, ADB, EBRD, OECD ва IOM ҳамкорӣ кардааст. Аз соли 2022 то соли 2024 ба ҳайси директори генералии ҶДММ ТАҚХ «Payvand Group» фаъолият намудааст. Аз соли 2024 то имрӯз ҳамоҳангсози миллии барномаи Иттиҳоди аврупо Erasmus+ дар Тоҷикистон мебошад. Аз моҳи январи соли 2026 узви Шӯрои нозирони ТАҚХ «Бабр Капитал» мебошад.
Аъзои Шӯрои нозирон
Раҷабали Асомидинович дорои таҷрибаи ғании касбӣ дар соҳаи бонкдорӣ ва молия, аз ҷумла таҷрибаи чандинсола дар вазифаҳои роҳбарикунанда дар ташкилотҳои гуногуни бонкӣ мебошад. Соли 1988 Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленин аз рӯйи ихтисоси «Банақшагирии иқтисоди миллӣ» хатм кардааст. Дар давоми фаъолияти касбии худ дар вазифаҳои гуногуни роҳбарикунанда, аз ҷумла Муовини Раиси Раёсати БДА «Амонатбонк», Сармуҳосиби Бонки Миллии Тоҷикистон ва дигар вазифаҳои масъул фаъолият кардааст. Раҷабалӣ Асомидинович дорои таҷрибаи назарраси амалӣ дар соҳаҳои бонкдорӣ, молия ва баҳисобгирии муҳосибӣ, идоракунии амалиёти бонкӣ ва идоракунии ташкилотӣ мебошад. Аз моҳи феврали соли 2026 узви Шӯрои нозирони ТАҚХ «Бабр Капитал» мебошад.
Оид ба масъалаҳои дар салоҳияти шӯрои нозирон буда, метавонед тавассути шакли алоқа дар саҳифаи «Тамос» муроҷиат намоед.