Бабр Капитал Роҳбари Хадамоти назорати комплаенсро ба кор даъват менамояд
Вазифаҳо
- Ташкил ва рушди низоми назорати комплаенс.
- Назорати риояи қонунгузорӣ ва санадҳои меъёрии дохилӣ.
- Муайян, арзёбӣ ва коҳиш додани хавфҳои комплаенс.
- Таҳия ва такмили сиёсатҳо ва расмиёти дохилӣ.
- Ҳамкорӣ бо мақоми танзимкунанда, омода намудани ҳисобот ва машварат додан ба кормандон.
Талабот
- Маълумоти олии касбӣ дар соҳаи молия, иқтисод, ҳуқуқ ё самтҳои ба онҳо монанд.
- Таҷрибаи корӣ дар соҳаи комплаенс, назорати дохилӣ ё идоракунии хавфҳо.
- Донистани қонунгузории танзимкунандаи фаъолияти ташкилотҳои молиявӣ.
- Малакаҳои таҳияи расмиёти дохилӣ, арзёбӣ ва идоракунии хавфҳо.
- Тафаккури таҳлилӣ, масъулиятшиносӣ ва диққат ба ҷузъиёт.
Мо пешниҳод менамоем
- Музди меҳнати рақобатпазир (бо мувофиқаи тарафҳо).
- Ба расмият даровардани муносибатҳои меҳнатӣ тибқи қонунгузорӣ.
- Имкониятҳои рушди касбӣ ва мансабӣ.
Шартҳои кор
Ҷойи кор: ш. Душанбе, к. Шамсӣ 4.
Ҷадвали корӣ: 5/2, аз соати 08:00 то 17:00.
Муҳлати пешниҳоди резюме: то 22 октябри соли 2026.
Шакли зеринро пур кунед ва резюмеи худро замима намоед.
Шӯъбаи кадрҳои мо аризаи шуморо дар давоми 2 рӯзи корӣ баррасӣ мекунад.