Вазифаҳои асосӣ:
• Ташкил ва роҳбарии фаъолияти Шуъбаи аудити дохилӣ.
• Таҳияи нақшаи санҷишҳои аудити дохилӣ дар асоси хавфҳо.
• Гузаронидани санҷишҳои мустақилонаи фаъолияти воҳидҳои сохторӣ ва равандҳои асосии фаъолияти ташкилот.
• Баҳодиҳии самаранокии низоми назорати дохилӣ, равандҳои идоракунии хавфҳо ва идоракунии корпоративӣ.
• Муайян намудани камбудиҳо, вайронкуниҳо ва хавфҳои эҳтимолӣ, таҳияи хулосаҳо ва тавсияҳои амалии аудиторӣ.
• Назорати иҷрои тавсияҳои дар натиҷаи санҷишҳои аудиторӣ пешниҳодшуда.
• Омода намудани ҳисоботҳои аудиторӣ барои роҳбарият ва мақомоти дахлдори идоракунии ташкилот.
• Таъмини мустақилият, беғаразӣ ва махфияти фаъолияти аудити дохилӣ.
Талабот ба номзад:
• Маълумоти олии иқтисодӣ ё молиявӣ.
• На камтар аз 5 сол таҷрибаи корӣ дар низоми бонкӣ ё соҳаи молиявӣ.
• На камтар аз 3 сол таҷрибаи корӣ дар вазифаи роҳбарикунанда.
• Доштани аттестати тахассусии аудитор.
• Салоҳияти баланди касбӣ ва эътибори баланди касбӣ
• Донистани қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунгузории бонкӣ ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии Бонки миллии Тоҷикистон.
• Таҷрибаи амалии гузаронидани санҷишҳои аудити дохилӣ, баҳодиҳии низоми назорати дохилӣ ва равандҳои идоракунии хавфҳо.
• Донистани стандартҳои байналмилалии аудити дохилӣ ва истифодаи усули аудити ба хавфҳо асосёфта бартарӣ ҳисобида мешавад.
Мо пешниҳод менамоем:
• Ба расмият даровардани муносибатҳои меҳнатӣ ва музди меҳнати рақобатпазир.
• Имконияти иштирок дар рушд ва такмили низоми аудити дохилии ташкилот.
• Имкониятҳои рушди касбӣ ва баланд бардоштани тахассус.
• Фаъолият дар ташкилоте, ки равандҳои дохилӣ ва стандартҳои идоракунии худро рушд медиҳад.
Шароити кор:
• Ҷойи кор: шаҳри Душанбе.
• Ҷадвали корӣ: ҳафтаи кории панҷрӯза, аз соати 08:00 то 17:00.
Муҳлати ниҳоии пешниҳоди дархостҳо: то 26 октябри соли 2026.
Шакли зеринро пур кунед ва резюмеи худро замима намоед.
Шӯъбаи кадрҳои мо аризаи шуморо дар давоми 2 рӯзи корӣ баррасӣ мекунад.