Бабр Капитал ба дастаи худ Сардори шуъбаи кортҳои бонкиро даъват менамояд.
Шумо барои рушди фаъолияти кортӣ, самаранокии равандҳо ва фаъолияти даста, инчунин таҳия ва рушди маҳсулоти кортӣ масъул мебошед.
Вазифаҳои асосӣ
• Ташкил ва идора намудани фаъолияти шуъбаи кортҳои бонкӣ.
• Таҳия ва татбиқи маҳсулоти кортӣ.
• Назорати равандҳои эмиссия, эквайринг ва хизматрасонии амалиётҳои кортӣ.
• Ҳамкорӣ бо низомҳои пардохтӣ ва марказҳои протсессингӣ.
• Таҳлили самаранокии фаъолияти кортӣ ва таҳияи пешниҳодҳо оид ба рушди он.
• Муайян намудани вазифаҳои даста ва назорати иҷрои онҳо.
• Рушди кормандон ва баланд бардоштани самаранокии фаъолияти шуъба.
• Таъмини мутобиқати равандҳо ба талаботи мақоми танзимкунанда ва санадҳои меъёрии дохилӣ.
Талаботи мо
• Маълумоти олии касбӣ дар соҳаи молия, иқтисод, фаъолияти бонкӣ ё самтҳои ба он монанд.
• Таҷрибаи корӣ дар соҳаи бонкӣ на камтар аз 5 сол.
• Таҷрибаи идоракунии фаъолияти кортӣ ё шуъбаи кортҳои бонкӣ.
• Донистани равандҳои эмиссия, эквайринг, низомҳои пардохтӣ ва технологияҳои кортӣ.
• Таҷрибаи идоракунии кормандон ва лоиҳаҳо.
• Тафаккури таҳлилӣ, сифатҳои роҳбарӣ ва тамаркуз ба натиҷа.
Мо пешниҳод менамоем
• Музди меҳнати рақобатпазир.
• Ба расмият даровардани муносибатҳои меҳнатӣ.
• Омӯзиш ва рушди касбӣ.
• Имкониятҳои рушди мансабӣ.
Шакли зеринро пур кунед ва резюмеи худро замима намоед.
Шӯъбаи кадрҳои мо аризаи шуморо дар давоми 2 рӯзи корӣ баррасӣ мекунад.